Дидори ҳайатҳои вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорати умури дохилии Ҷумҳурии Беларус дар Душанбе ба раёсати Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иван Кубраков, вазири умури дохилии Ҷумҳурии Беларус баргузор шуд.
Дар ин дидор, мавзуоти тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бо ҷароими созмон ёфта, аз ҷумла терроризм ва ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷароими сайберӣ ва роҳҳои муассири мубориза бо ҷароим мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
342/